Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

12.10.2021

Шарҳи маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик»

ТАЪМИНОТИ БАРҚ ДАР КИШВАР МАҲДУД НАШУДААСТ

Хабарҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи қатъи интиқоли барқ ва ҷорӣ намудани маҳдудият дар интиқоли барқ паҳн мешаванд, ягон асос надоранд. Маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» ба саҳми муштариён мерасонад, ки дар давраи тайёрӣ ба зимистон ва омода намудани низоми энергетикии кишвар ба зимистон, аз ҷумла буридани шохаҳои дарахтон ва аз дигар монеаҳои озод намудани хатҳои интиқоли барқ, инчунин гузаронидани корҳои профилактикӣ дар зеристгоҳҳои хурду калон ва дигар таҷҳизоти интиқоли барқ дар баъзе қитъа ва ноҳияҳо дар соатҳои муаяйн имкон дорад, ки интиқоли барқ қатъ карда шавад. Хотиррасон менамоем, ки ин тадбир зарурист ва ҳар сол дар ибтидои зимистон гузаронда мешавад.

Бояд қайд намуд, ки зимистон барои таъминоти барқ ҳама вақт давраи фавқулодда аст. Вобаста ба афзудани талабот мушкилот низ зиёд мегардад. Аз ин рӯ, аз муштариёни нерӯи барқ ва роҳбарони корхонаву муассисаҳо хоҳиш мекунем, ки дар давраи зимистон ҳар қадар имкон доранд аз барқ сарфакорона истифода баранд. Ин ба манфиати ҳама ва ҳар кас аст.

Маркази матбуоти

 ШСХК «Барқи Тоҷик»


Бозгашт ба рӯйхат