Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

08.04.2024

Бинобар сабаби буҳрони таъминоти барқ дар кишвар ва сару садоҳои аҳолии ҷумҳурӣ ҷиҳати набудани қувваи барқ ҶСК “Барқи Тоҷик” тасмим гирифт, ки мавзӯи мазкурро ҷиҳати баррасӣ қарор дода, воқеаи баамаломадаро ба мардуми азизи кишвар фаҳмонад. Зимни ин тасмим сафари хидматӣ ба шаҳри НБО-и Норак, рӯзҳои 3-4 апрели соли 2024 сурат гирифт. Сафари мазкур иборат буд аз гурӯҳи корӣ, аз ҷумла рӯзноманигорони ТВ, радио, рӯзномаву ҳафтанома, маҷалла ва сомонаҳои хусусиву расмӣ.

Дар ин сафар вазъи обанбори НБО Норак наворбардорӣ ва таҳқиқ гардид ва бо мутахассисон мусоҳиба баргузор карда шуд.

Натиҷаи он дар шабакаҳои телевизиони “Тоҷикистон”, “Ҷаҳоннамо”, радиоҳои “Тоҷикистон”, “Ховар”, сомонаи расмии “Ховар”, рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум” ҳафтаномаи “Истиқлол”, “СССР”, ҳамчунин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайра бо аксу навору навиштаҷот инъикос ёфтанд.


Бозгашт ба рӯйхат