Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

08.04.2024

photo_2024-04-03_14-49-11 — копияДар кишвари мо барқ аслан дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Ҳиссаи барқи обӣ зиёда аз 90 дарсад аз ҳаҷми умумии истеҳсоли барқро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, таъминот бо барқ ба захираи об дар дарё ва обанборҳои кишвар вобастагии зиёд дорад.

Зимистони имсол, ки нисбат ба солҳои пеш гармтар ва камбориш омад, ба ҳаҷми об дар дарёҳо бетаъсир намонд. Бо вуҷуди гузаштани сардиҳо ва нисбатан гарм шудани ҳаво ҳанӯз ҳам дар дарёҳое, ки аз оби онҳо неругоҳҳо фаъолият мекунанд, ҳаҷми зарурии об ҷорӣ намешавад. Аз ин рӯ, истеҳсоли барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ нисбат ба ҳамин давраи солҳои пеш бамаротиб коҳиш ёфтааст.

Бинобар маҳдудияти интиқоли неруи барқ дар кишвар, ки дар муқоиса ба чанд соли охир имсол шадидтар шуд, миёни мардум овозаҳо дар бобати Неругоҳи барқи обии «Норак», ки айни замон асоситарин манбаи тавлиди неруи барқи кишвар ба ҳисоб меравад, паҳн гардид. Аксаран бар ин бовар буданд, ки дар неругоҳ садама рух додаасту имкони таъмин кардани аҳолӣ бо неруи барқ мавҷуд нест. Зимни сафари рӯзноманигорон ба НБО «Норак», ки 3-юми апрели соли равон бо ибтикори ҶСК «Барқи Тоҷик» сурат гирифт, маълум шуд, ки неругоҳ, ба ҷуз камобӣ дигар мушкил надорад.

Бино ба гуфти сармуҳандиси Неругоҳи барқи обии «Норак» Маҳмадамин Маҳмад­саидзода, ба ҷуз як гидроагрегат, ки таҷдиди он идома дорад, ҳама гидроагрегатҳои неругоҳ кор мекунанд. Номбурда изҳор дошт, ки барои таъмини талабот бо барқ ба обанбор 500 метри кубӣ дар сония об лозим аст, вале шабонарӯзи 2-юми апрел ин рақам 295 метри кубиро ташкил додааст, ки барои кори пурраи неругоҳ кофӣ нест.

Тавре мавсуф иттилоъ дод, 2-юми апрел оби обанбор дар сатҳи 857,65 метр қарор дошт, ки аз сатҳи максималӣ 52 метру 35 сантиметр паст аст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 метру 7 сантиметр камтар мебошад. Ҳоло захираи оби обанбор 65 сантиметр боқӣ мондааст. Масъулин, ҳамчунин, зикр карданд, ки ҷоришавии об аз аввали сол тадриҷан рӯ ба коҳиш овард. Онҳо рақамҳои муқоисавии семоҳаи якуми соли равон ва ҳамин давраи соли гузаштаро мисол оварданд, ки фарқият 424 миллион метри кубӣ кам ворид шудани об ба обанбор мебошад. Масалан, шабонарӯзи дуюми апрел бинобар истифода аз захира сатҳи оби обанбор 12 сантиметр паст шуд. Кормандони Неругоҳи барқи обии «Норак» мегӯянд, то ба ин сатҳ паст шудани сатҳи оби обанбор дар 12 соли охир бори аввал аст.

Мувофиқи таҳлил ва мушоҳидаҳо зиёд шудани об дар ҳавзаи дарёи Вахш ба даврае рост меояд, ки ҳарорати шабонарӯзии ҳаво дар кӯҳҳо аз + 0 боло мешавад. Тибқи таҷриба чунин ҳолат баъд аз моҳи май иттифоқ меафтад. Моҳҳои март – апрел бошад, оби дарё аз ҳисоби барфу боронҳои паҳлуии ҳавзаи дарё зиёд мешавад, ки он барои истеҳсоли барқ мерасад. Имсол бинобар камбориш омадани зимистон чунин захира дар ҳавзаи дарё бамаротиб кам аст. Аз ин рӯ, мутахассисон то гармтар шудани ҳаво ва зиёд шудани маҷрои дарёи Вахш сарфа кардани барқро тавсия медиҳанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»,

Душанбе-Норак-Душанбе


Бозгашт ба рӯйхат