Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

RSS

ДАР БОРАИ НАРХИ БАРҚ 13.09.2017 ДАР БОРАИ НАРХИ БАРҚ

Ибтидо аз рӯзи 1 октябри соли 2017 дар қаламрави кишвар нархи ҳар киловатт.соат нерӯи барқ барои тамоми категорияҳои истифодабарандагон ба ҳисоби миёна 15 фоиз зиёд гардид. 

ШСХК “Барқи Тоҷик”: Ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2017 28.07.2017 ШСХК “Барқи Тоҷик”: Ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2017
Дар нимсолаи якуми соли 2017 ҳаҷми истењсоли энергияи барқ 7 млрд 736 млн.кВт.соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба њамин давраи соли гузашта 645,3 млн.кВт.соат зиёд мебошад. 

Нишасти матбуотӣ. 28.07.2017 Нишасти матбуотӣ.
Нишасти матбуотӣ бобати Ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2017

ТРАНСФОРМАТОРИ    ПУРИҚТИДОР   БА  НОРАК  РАСИД 29.05.2017 ТРАНСФОРМАТОРИ ПУРИҚТИДОР БА НОРАК РАСИД
Рӯзи 28 майи соли 2017 соати 11-30 трансформатори 450 мегаволт.ампер, ки вазни умумиаш 214 тоннаро ташкил медод ба нерӯгоҳи барқии обии «Норак» расид. 

Маҳдудияти барқ дар вилояти Суғд  19.04.2017 Маҳдудияти барқ дар вилояти Суғд
Бо сабаби ба таъмир баровардани ХИБ-110 рӯзи 20 апрел аз соати 8-00 то 18-00 дар шаҳру ноҳияи Панҷакент барқ дода намешавад.

Нархи барқ барои аҳолӣ тағйир наёфтааст. 13.03.2017 Нархи барқ барои аҳолӣ тағйир наёфтааст.

Нархи барқ барои аҳоли бетағйир буда, барои ҳар киловатт/соат, бо назардошти ААИ - 14,65 дирамро ташкил медиҳад.

Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе аз кор боздошта шуданд. 02.03.2017 Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе аз кор боздошта шуданд.
Ибтидо аз соати 00-00-и рӯзи 1 марти соли 2017 Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе аз кор боздошта шуданд. 

Маълумот дар бораи ҷамъбасти соли 2016 31.01.2017 Маълумот дар бораи ҷамъбасти соли 2016
Дар соли 2016 бо назардошти ба истифода додани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” бо иқтидори 300 МВт, ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ 14 млрд.403,1 млн.кВт.соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2015 дар ҳаҷми 13,0 млн.кВт.соат зиёд мебошад.

Нишасти матбуотӣ 30.01.2017 Нишасти матбуотӣ

Нишасти матбуотӣ бобати ҷамъбасти соли 2016

ТАЪМИНОТИ БАРҚ  -18 СОАТ АСТ! 11.01.2017 ТАЪМИНОТИ БАРҚ -18 СОАТ АСТ!
Мутобиқи дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ барои манотиқе, ки мутобиқи ҷадвали маҳдудият барқ мегиранд, ибтидо аз рӯзи 6 январи соли 2017 инҷониб таъминоти барқ дар тули як шабонарӯз 18 соатро ташкил медиҳад. 

Маҳдудияти рӯзонаи барқ бардошта шуд 05.01.2017 Маҳдудияти рӯзонаи барқ бардошта шуд
Вобаста ба муҳайё гардидани иқтидорҳои нави истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ аз санаи 5 январи соли 2017 маҳдудияти рӯзонаи нерӯи барқ барҳам дода шуд.

ТАЪМИНОТИ БАРҚ 12 СОАТ ШУД 14.12.2016 ТАЪМИНОТИ БАРҚ 12 СОАТ ШУД

Акнун ҳамаи минтақаҳои кишвар дар тулии як шабонарӯз 12 соат, пагоҳӣ аз соати 05-00 то 11-00 ва бегоҳӣ аз соати 16-00 т о 22-00 барқ мегиранд.

Таъминоти барқ дар рӯзи ироаи Паёми Пешвои миллат 12.12.2016 Таъминоти барқ дар рӯзи ироаи Паёми Пешвои миллат

Дар рӯзи 22 декабр, ки тавассути шабакаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ аз соати 10:00 Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мустақиман пешкаш мегардад, дар ҷумҳурӣ аз соати 06:00 то 14:00 барқ дода мешавад.

ТАЪМИНОТИ БАРҚ БОЗ ЯК СОАТ ЗИЁД ШУД 12.12.2016 ТАЪМИНОТИ БАРҚ БОЗ ЯК СОАТ ЗИЁД ШУД
Дар ҷумҳурӣ барои манотиқе, ки мутобиқи ҷадвали маҳдудият барқ мегиранд, ибтида аз рӯзи 12 декабри соли 2016 таъминоти барқ боз як соат зиёд шуд. 

Дастури Пешвои миллат  амалӣ мегардад. 09.12.2016 Дастури Пешвои миллат амалӣ мегардад.

Таъминоти барқ барои он минтақаҳои кишвар, ки дар доираи маҳдудият барқ мегиранд, ба миқдори се соат зиёд карда шуд. 

 ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ ДАР ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК» 01.11.2016 ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ ДАР ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК»
Бо мақсади риояи ҷадвали маҳдудият аз тарафи шабакаҳои барқии тобеи ШСХК «Барқи тоҷик», ошкор намудани истифодаи ғайриқонунии барқ, ки зарараш ба тамоми ҷомеа мерасад ва сабабгори вайрон шудани танзими таъминот мегардад, муносибати кормандони соҳаи барқ ба муштариён дар ШСХК «Барқи тоҷик» телефонҳои боварӣ ташкил дода шудаанд. 

ТАЪМИНОТИ  БАРҚ  МАҲДУД ШУД. 01.11.2016 ТАЪМИНОТИ БАРҚ МАҲДУД ШУД.

ШСХК «Барқи Тоҷик» ба диққати муштариён мерасонад, ки аз 1 ноябри соли 2016 таъминоти бо нерӯи барқ маҳдуд карда шуд. Дар шаҳри Душанбе, марказҳои вилоятҳо ва шаҳрҳои калони саноатӣ таъминот бо барқ маҳдуд намегардад.

Чаро нархи барқ тағйир ёфт? 25.10.2016 Чаро нархи барқ тағйир ёфт?
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ» ба тарифҳои барқ ва гармӣ тағйирот ворид гашт. 

РЕҶАИ БАРҚ ДАР РӮЗҲОИ ИСТИҚБОЛИ СОЛИ НАВ 31.12.2015 РЕҶАИ БАРҚ ДАР РӮЗҲОИ ИСТИҚБОЛИ СОЛИ НАВ

Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз захираҳои ШСХК «Барқи Тоҷик» дар рӯзҳои истиқболи Соли нави 2016 дар ҷумҳурӣ аз соати 05-00-и рӯзи 31 декабри соли 2015 то соати 22-00-и рӯзи 1 январи соли 2016 бемаҳдудият барқ дода мешавад.

Ширкати «Барқи Тоҷик» меъёрро пурра риоя мекунад 21.12.2015 Ширкати «Барқи Тоҷик» меъёрро пурра риоя мекунад

Тавре маълум аст, айни замон бобати таъминоти барқ дар кишвар реҷаи маҳдудият амал менамояд. Дуруст аст, ки ин ба мардум нороҳатӣ ва душвориҳои зиёде меорад. Баъзан дар воситаҳои ахбори омма низ вобаста ба таъминот бо нерӯи барқ матолибе нашр мегарданд, ки вазъият носаҳеҳ шарҳ дода мешавад.

Вобаста ба ин, маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» вазъи кунунии таъминоти барқро дар ҷумҳурӣ бо факту далелҳои аниқ шарҳ медиҳад.


Хабарҳо 41 - 60 аз 71
Оғоз | Пештара | 1 2 3 4 | Оянда | Охир